Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои бунёди варзишгоҳҳо дар Душанбе ҷоизаҳо супурда шуд


Дар миёни дигар мақомдорон, президент раиси корхонаи сементбарории Душанбе Зайнулло Шарифзодаро ҳам ташаккур кард
Дар миёни дигар мақомдорон, президент раиси корхонаи сементбарории Душанбе Зайнулло Шарифзодаро ҳам ташаккур кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр бо натиҷагирӣ аз як озмун ба афроде, ки дар Душанбе барои кӯдакон майдончаҳои варзишӣ сохтаанд, аз 5 то 30 ҳазор сомонӣ маблағ тӯҳфа додааст. Моҳи феврали соли равон пас аз интихоби Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси шаҳрдори Душанбе ҳукумати Тоҷикистон озмуни сохтмони беҳтарин майдончаҳои варзишӣ дар пойтахтро эълон кард.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки ба ҳар як ғолиби озмун тӯҳфа тақдим мешавад. Аз исми барандаи озмун ном бурда намешавад, аммо ба навиштаи вебсайти дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни “ободонии пойтахти кишварро баҳои баланд дода, сохтмони майдончаҳои варзиширо ғамхорӣ дар ҳақи насли наврас унвон кардааст”.

Зимнан, раҳбари 80 сохтору идораи давлатӣ дар маҷлиси ҳукумат ваъда додаанд, ки аз ҳисоби худ боз майдончаи нави варзишӣ месозанд.

Дар миёни онҳое, ки барои ободонии пойтахт ташаккур шуниданд, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила, Нуриддин Саид, вазири маориф, Нусратулло Давлатзода, раиси кумитаи андози Тоҷикистон ва мақомоти дигар буданд.

XS
SM
MD
LG