Нерӯҳои демократии Сурия (НДС) рӯзи 22 октябр кони нафти Ал-Умар дар вилояти Дайр-аз-Зурро бо кумаки ИМА ишғол карданд. Ин кон то ҳол таҳти назорати гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ" буд.
Хабаргузории Associated Press Ал-Умарро бузургтарин кони нафти Сурия хондааст.
Дар бораи ғасби кони Ал-Умар аз сӯи НДС эътилофи байналхалқӣ бо роҳбарии ИМА хабар дод. Гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ" бузургтарин кони нафти Сурияро соли 2014 зери назорат гирифта буд. Ал-Умар манбаи асосии даромади "Давлати Исломӣ" ба ҳисоб мерафт.
Маркази суриягии назорати ҳуқуқи инсон хабар медиҳад, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ақибнишинӣ карда, тақрибан дар секилометрии Ал-Умар қарор доранд.