Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар гирди парлумони Украина хайма заданд


Эътирозгарони укаринӣ, ки аз президент Петро Порошенко роҳандозии ислоҳоти зидди фасод ваё истеъфоро талаб мекунанд, роҳҳои расидан ба парлумонро бо насби даҳҳо хаймаҳо масдуд кардаанд. Хаймаҳо дар кӯчаи Хрушевка ва ҳам боғи Мариинскии шаҳри Киев дар беруни парлумон ё Верховная Рада гузошта шудаанд. Дар ин макон рӯзи 17 октябр тахминан 4500 нафар эътироз барпо карданд.

Рӯзи 18 октябр тахминан 200 эътирозгар гуфтанд, ки то замони иҷро шудани талабашон аз ҷои худ такон намехӯранд. Дар ихтиёри эътирозгарон ошхонаи сайёр ва тахминан сӣ хайма гузошта шудааст.

Бо ин ки полис аз ҷараёни ин эътирозҳо назорат мекунад, раиси полиси миллӣ Серҳий Князев гуфт, онҳо аз зӯр кор намегиранд. Вай гуфт: “Мо хатоҳои пешинаро такрор намекунем. Мехоҳем, ҳуқуқи шаҳрвандонро барои ибрози назарашон ҳифз кунем”.

“Хатоҳои пешина” шояд ишора ба талошҳои саркӯби Еврамайдан аст, ки бо амри президенти рӯ ба Маскав Виктор Янукович дар соли 2014 роҳ дода шуд.

Дар эътирози рӯзи 17 октябр собиқ волии Одесса Михаил Саакашвилӣ аз мардуми Украина тақозо кард, ки агар президент Петро Порошенко талаби онҳоро иҷро накард, истеъфои ӯро талаб кунанд. Аксари онҳое, ки даст ба эътироз задаанд, тарафдорони Семён Семенченко, як узви Рада ва собиқ фармондеҳи воҳиди низомии артиши Украина аст, ки дар ҷанг бо ҷудоиталабони рӯ ба Русия иштирок кардааст.

То имрӯз дар ҷангҳори шарқи Украина, ки соли 2014 дар паи ғасби Қрим аз ҷониби Русия сар зад, беш аз 10 ҳазор нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG