Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Навалний ҳақ дорад, соли 2028 номзад ба мақоми президент шавад"


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Дар Кремл баъд аз чанд моҳи машваратҳои пӯшида тасмим гирифтаанд, ки мухолифи рус Алексей Навалнийро ба интихоботи президентӣ роҳ надиҳанд. Дар ин бора бахши русии Би-би-сӣ рӯзи 17-уми октябр бо такя ба манобеаш дар дастгоҳи президенти Русия хабар дод.

Дар ибтидои сол, бино ба иттилои Bloomberg, дар Кремл имкони роҳ додани Навалний ба интихобот бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳ ва ташкили сарусадои маъракаи интихоботӣ, баррасӣ шудааст. Моҳи июл раиси Комиссияи марказии интихоботии Русия Элла Памфилова гуфт, агар Навалний доғи судиашро дар робита ба парвандаи "Кировлетс" бекор кунад ё қонунгузории кишвар тағйир ёбад, мумкин аст, ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ сабти ном шавад.

Аммо 17-уми октябр Памфилова ба таври қатъӣ изҳор дошт, ки Навалний ҳаққи иштирок дар интихоботи президентиро надорад. «Вай танҳо дар соли 2028 метавонад номзад шавад», - гуфт раиси комсияи интихоботӣ.

Алексей Навалний ҳанӯз моҳи декабри соли 2016 дар бораи номзад шуданаш хабар дод. Аз он замон то кунун вай маъракаи таблиғотиро ба роҳ монда, дар саросари Русия 79 ситод таъсис додааст. Пешбарии номзадии ӯро қариб 600 ҳазор шаҳрванди Русия ҷонибдорӣ кардаанд. Аммо бар асоси қонунгузории Русия вай ҳаққи ширкат дар интихоботи соли 2018-и президентиро надорад.

Моҳи майи соли ҷорӣ додгоҳ парвандаи Навалнийро дубора баррасӣ ва ӯро "дар дуздии амвол" айбдор дониста, панҷ сол шартан зиндонӣ кард.

Интихобот дар Русия бояд 18 марти соли 2018 баргузор шавад. Владимир Путин, президенти амалкунандаи Русия то кунун дар бораи пешбарии номзадиаш тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG