Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги ниҳоӣ дар “пойтахт”-и ДИИШ. “Чанд соат ё чанд рӯзи дигар монд”


Нирӯҳои зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия гуфтанд, ки ҷанги ниҳоӣ барои решакансозии ҷангҷӯёни ин гурӯҳи даҳшатафкан дар шаҳри Раққа ҷараён дорад. Нирӯҳои зидди ДИИШ дар Сурия аз ҳимояти Амрико бархӯрдоранд.

Сухангӯи нирӯҳои демократии Сурия ба раҳбарии курдҳо рӯзи 14-уми октябр гуфт, даҳҳо ҷангҷӯи ДИИШ таслим шуданд ва, мумкин аст, даргирӣ чанд соат ё чанд рӯзи дигар идома бикунад.

Нирӯҳои демократии Сурия эътилофи иборат аз ҷангиёни араб ва курдҳост, ки ниманизомиё дар он нақши калидӣ доранд.

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” Раққа – дар шимоли Сурияро пойтахти худ эълон карда буд. Ҳоло нирӯҳои эътилоф мегӯянд, навад дарсади шаҳри Раққаро таҳти контроли худ даровардаанд.

Тасарруфи шаҳри Раққа зарбаи бузурге барои ДИИШ дар Сурия хонда мешавад.

Гуруҳи назорат бар ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, гуфтааст, ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ”, ки аз Сурия ҳастанд, ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон аз шаҳри Раққа берун шудаанд. Гуфта нашудааст, ки ин ҷангҷӯён ва оилаи онҳо ба куҷо бурда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG