Масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз чанд ширкати хориҷӣ дар кишвар интиқод карданд, ки сокинони маҳаллиро ба кор нагирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо, ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон вазифадоранд, то 90 дарсади коргарони худро аз ҳисоби шаҳрвандони кишвар интихоб намуда, 10 дарсади боқимондаро ба хориҷиҳо бидиҳанд.
Дар ин хадамот рӯзи 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, натиҷаи як санҷиши онҳо дар ширкатҳои хориҷӣ муайян кард, аз 27 ширкатӣ танҳо 6 ширкат ин муқаррароти Тоҷикистонро риоят кардаанд. Ин санҷиш дар моҳи августи соли равон сурат гирифта, аз натиҷааш хадамот ҳоло гузориш дод.
Мақомоти Хадамот мегӯянд, дар 27 ширкати санҷидашуда айни замон дар баробари 440 шаҳрванди хориҷӣ 6361 шаҳрванди кишвар фаъолият мекунанд. Онҳо гуфтанд, ки мунтазам шароити ҳуқуқии будубоши коргарони хориҷиро низ месанҷанд.
Хадамоти муҳоҷират дар 9 моҳи соли равон нисбат ба 315 шаҳрванди хориҷӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, аз ин теъдод 140 нафарро бо қарори додгоҳ аз қаламрави ҷумҳурӣ ихроҷ ва ё депортатсия кардааст.