Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири собиқи Фаронса мудири кулли ЮНЕСКО шуд


Вазири пешини фарҳанги Фаронса Одри Азулеи 45-сола мудири кулли ЮНЕСКО – Барномаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – интихоб шуд. Вай дар овоздиҳӣ дар шӯрои созмон аз 58 раъй 30 раъйро ба даст овард.

Ин қарор дар Анҷумани рӯзи 10-уми ноябри имсол бояд тасдиқ гардад. Аз соли 2009 ба ин тараф ЮНЕСКО-ро Ирина Бокова, намояндаи Булғористон раҳбарӣ дошт.

Мудири нави ЮНЕСКО дар ҳоле интихоб шуд, ки Амрико рӯзи 12-уми октябр эълон кард, аз охири соли 2018 ба хотири мавқеи “зидди исроилиаш” аз ин созмон хориҷ хоҳад шуд. Ба дунбол Исроил ҳам эълон кард, ки омодааст, ЮНЕСКО-ро тарк кунад.

Амрико соли 2011 саҳми иқтисодии чашмгиреро, ки дар буҷети ЮНЕСКО дошт, дар эътироз ба тасмими ин созмон дар бораи қабул кардани Фаластин ҳамчун узви комил, бекор кард.

Вашингтон пеш аз ин низ як бор дар замони раёсати ҷумҳури Роналд Рейган соли 1984 дар эътироз ба ончи "мудирияти бади иқтисодӣ дар ЮНЕСКО ва сиёсатҳои зиддиамрикоӣ" хонда буд, аз ин созмон хориҷ шуд ва дар даврони раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буши хурдӣ, дубора ба ин созмон баргашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG