Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти намояндаи вижаи ИА бо Ҷамолиддин Нуралиев


Дар Душанбе музокироти миёни раҳбари намояндагии ИА барои ОМ Питер Буриан бо муовини якуми раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев баргузор шуд. Дар ин нишаст, ки рӯзи 11 октябр дар Душанбе ҷараён гирифт, ба иттилои расмӣ, сухан аз ҳамкориҳои миёни ду ҷониб рафтааст. Аз ҷумла, татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ҳамкорӣ ва кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба низоми бонкии кишвар тавассути татбиқи барномаҳои грантӣ, мусоидат ба фазои сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шудааст. Дар иттилоияи Бонки миллӣ гуфта мешавад, ки дар нишаст ба зарурати таҳкими раванди ислоҳот дар низоми бонкдорӣ ва бахши молиявӣ таъкид шудааст.

Дар ин нишаст инчунин раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидоят Бишчевич ва сардори Шуъбаи Осиёи Марказӣ оид ба корҳои хориҷӣ Тойво Клаар иштирок кардаанд.

Соли гузашта дар як интиқодаш сафири ИА дар Душанбе бо такя ба шикояти ширкатҳои хусусии аврупоиву ғарбӣ дар Тоҷикистон аз мизони баланди молиёт ва пардохтҳои нонавишта дар ҷараёни кор дар ин кишвар интиқод карда буд.

Ҳайати баландпояи ИА аз Брюссел ба Душанбе бо ҳадафи ширкат дар музокироти навбатӣ бо Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар ҳузур дорад.

XS
SM
MD
LG