Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Туркманистон дастур дод, ки нархи об гарон шавад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, рӯзи 11-уми октябр дастур дод, ки имтиёзҳои иҷтимоӣ барои об, газ ва барқи ройгон бекор карда шаванд.

Ин дастур дар ҳоле сурат мегирад, ки даромади буҷети Туркманистон дар пасманзари коҳиши арзиши нерӯи барқ ва интиқоли он ба хориҷ кам гардидааст.

Дар фармони Бердимуҳаммадов омадааст, ки тарофаҳои пардохти об аз 1-уми ноябр то 1,43 доллар барои ҳар 10 метри мукааб об зиёд карда шавад. Бердимуҳаммадов дар ибтидои ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки имтиёзҳои иҷтимоӣ марҳила ба марҳила барҳам дода хоҳанд шуд.

Шаҳрвандони ин кишвар дар ҳоли ҳозир қисман газ ва нерӯи барқи бепул дарёфт мекунанд. "Замоне фаро расид, ки захираҳои давлатиро бо эҳтиё ва сарфакорона истифода барем", - чанде пеш гуфта буд Бердимуҳаммадов.

Даромад аз ҳисоби барҳам додани имтиёзҳои иҷтимоӣ ба барномаҳои сармоягузории ҳафт соли оянда сарф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG