Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Аврупо ба афзоиши таҳримҳои зидди Русия даъват кард


Логои Порлумони Иттиҳоди Аврупо
Логои Порлумони Иттиҳоди Аврупо

Кумитаи умури байналмилалии Порлумони Аврупо рӯзи 10-уми октябр ба шиддати таҳримҳои зидди Русия ва тавсеаи равобити Иттиҳоди Аврупо бо аъзои лоиҳаи "Ҳамкории шарқӣ" даъват кард.

Пеш аз ҳама гап дар бораи ҳамкорӣ бо Гурҷистон, Молдова ва Украина меравад, ки Созишномаи эътилоф бо Иттиҳоди Аврупоро имзо кардаанд.

Барои онҳо таҳияи барномаи махсусе пешниҳод мешавад, ки тавонанд дар оянда ба иттиҳоди гумрукӣ, бозори ягонаи нерӯи барқ ва рақамӣ, инчунин, минтақаи Шенген шомил шаванд.

Машваратҳои кумита дар ҷаласаҳои Порлумони Аврупо баррасӣ хоҳанд шуд.

24-уми ноябр дар Брюссел самити "Ҳамкории шарқӣ" кушода мешавад, ки дар он Арманистон, Озарбойҷон ва Беларус низ иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG