Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Узбекгидроэнерго" дар сохтмони нерӯгоҳи Қирғизистон шарик мешавад


Kyrgyzstan -- Naryn, hydroelectric dam, 16 October 2014

Ширкати "Узбекгидроэнерго"-и Узбакистон, тасмим дорад, ки дар сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1"-и Қирғизистон саҳм бигирад.

Рӯзи 6 октябр "Узбекгидроэнерго" ва ширкати миллии холдингии энержии Қирғизистон оиди ҳамкорӣ дар бахши амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 тафоҳумнома имзо карданд. Ин санад дар ҷараёни сафари президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Узбакистон имзо шуд.

Отамбоев пештар аз ин хабар дод, ки бо раиси ҷуҳмури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар мавриди бунёди муштаракан бунёд муштараки нерӯгоҳи Қамбарота ба созиш расидаанд.

Дар баробари ин, ҷонибҳо дар рафти сафари Отамбоев панҷ санади дигар, бо шумули шартномаи интиқоли нерӯи барқи Қирғизистон ба Узбакистон дар солҳои 2017-2018, шартнома дар бораи истифодаи муштараки обанбори Орто-Токой дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистонро имзо карданд.

Видеоҳои охирин

Оташсӯзӣ дар яке аз истироҳатгоҳҳои Маскав
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:40 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG