Мақомоти Пентагон гуфтанд, ки Вазорати умури хориҷии Амрико тарҳи фурӯши эҳтимолии системаи дифоии пешрафта зидди мушакҳои дурпарвозро ба қимати 15 миллиард долар ба Арабистонн Саудӣ тасдиқ кардааст. Дар эъломияи Вазорати дифои Амрико, дар миёни дигар таҳдидҳо ба таҳдиди Эрон дар Ховари Миёна ишора шудааст.
Идораи ҳамкори амнияти дифоии Вазорати дифои Амрико рӯзи 6-уми октябр бо нашри эъломияе гуфт, дар ин бора ба Конгресс ҳам маълумот додаанд. Ин идора мегӯяд, ин муомила ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллии Амрикоро тақвият мекунад.
Амрико ин системаи дифоиро имсол дар Куриёи Ҷанубӣ ҷобаҷо намуд, то аз таҳдидҳои мушакии қорапаймои Куриёи Шимолӣ ҷилавгирӣ намояд.
Дар Ховари Миёна Эрон бузургтарин барномаи ракетҳои қорапайморо дорад ва Вашингтону Риёз ҳарду Теҳронро “ба рафтори таҷовузгарона ва тахрибкорона дар минтақа” муттаҳам мекунанд.