Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати муовини нахуствазири Қирғизистон дар садамаи нақлиётӣ


Темир Ҷумъақодиров
Темир Ҷумъақодиров

Темир Ҷумъақодиров – муовини нахуствазири Қирғизистон – субҳи 7-уми октябр дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар роҳ ба сӯи вилояти Талас ҷон бохтааст. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки мошини Темир Ҷумъақодиров ба як «Камаз» бархӯрд.

Муовини нахуствазири Қирғизистон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба интихоботи президентии ин кишварро бар ӯҳда дошт. Ӯ дар роҳ ба сӯи вилояти Талас будааст. Интихоботи президентии Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр баргузор хоҳад шуд.

Темир Ҷумъақодиров 38 сол дошт ва чанде пештар ба мақоми муовини нахуствазир дар умури амният таъин гардид.

XS
SM
MD
LG