Пайвандҳои дастрасӣ

Эрону Туркия аз манофеи муштарак сӯҳбат карданд


Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ҳасан Рӯҳонӣ дар нишасти матбоутии Теҳрон

Президентҳои Эрону Туркия ба думбол раъйпурсии истиқлолхоҳии Курдистони Ироқ гуфтанд, ки аз ҳамагуна таъғири марзҳои минтақа ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

"Туркияву Эрону Ироқ ба ҷуз аз тасмимгириҳои ҷиддӣ барои ҳифзи манофеи стратегиашон дар минтақа чораи дигаре надоранд", - гуфт президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ рӯзи 4 октябр ба думболи мулоқот бо раҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Теҳрон.

Мақомоти Курдистони Ироқ аз ширкати фарогири мардум дар назарпурсии истиқлолият хабар доданд ва гуфтанд, ки аз шумори 72 дар сад, беш аз 90 дар сад ба тарафдории истиқлолият овоз доданд. Раъйпурсии рӯзи 25 сентябр баргузор шуд. Ҳукумати Ироқ, ИМА, кишварҳои Ғарб ва СММ ин раъйдиҳиро эътироф накарданд. Туркияву Эрон аз таъсири ин раванд ба ақалиятҳои курд дар қаламравҳои худ нигарон шудаанд. Аммо роҳбарони курд гуфтанд, ки натиҷаи раъйпурсии ахирро ҳамчун оғози музокироти ташкили давлати алоҳида истифода хоҳанд кард.

Эрдуғон раъйпурсиро "ғайриқонунӣ" номид ва гуфт, ки "аз ҳамин лаҳза дар пайи чораҳои қатъи хоҳад шуд". Бағдод аз ҳукумати Курдистон хост, ки натиҷаҳои раъйпурсиро бекор кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG