Шаҳрванди Русия, ки дар асорати гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" қарор дорад, дар ҳайъати ширкати хусусии низомӣ бо номи "Вагнера" ба Сурия рафта буд. Дар ин бора бародари ӯ рӯзи 4 октябр ба бахши русии Радиои Озодӣ маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ сарбозони муздурро ҳукумати Русия сармоягузорӣ мекунад.
Роман Тсуркану, бародари асири ДИИШ Григорий Тсуркану гуфт, ки бародараш моҳи май ба Сурия рафт ва ин "сафари кориаш"-ро аз наздикон пинҳон кард. Ин аввалин сафари ӯ набуд. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ нагуфт, ки бародараш дар Сурия чӣ масъулият дошт. Ӯ ҳамчунин гуфт намедонад, ки сарбозони муздур дар Сурия чӣ қадар пул мегиранд.
Ба гуфтаи Роман Тсуркану, бародари ӯ соли 2014 дар ҷангҳои Шарқи Украина, дар тарафи ҷудоиталабон иштирок кард. Ӯ барои иштирокаш дар ҷангҳои Донбасс "мунтазам" медал мегирифт.
Роман Тсуркану гуфт, шаҳрванди дуюми Русияро, ки дар видеои ДИИШ дар паҳлуи бародараш нишастааст, намешиносад. "Шумо медонед, ки дар он ҷо одамон аз саросари Русия фиристода мешаванд,"- гуфт ӯ ба хабарнигори Озодӣ.
Субҳи рӯзи чоршанбе сухангӯи раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Маскав маълумоти ба асосрати гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" афтодани Григорий Тсуркану ва Роман Заболотнийро "бодиққат" меомӯзад.
Рӯзи 3 октябр гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" навореро пахш кард, ки дар он ду шаҳрванди Русия сабт шуда буд.
Яке аз онҳо худро Заболотний Роман Василевич муаррифӣ кард ва гуфт, ӯ ҳангоми ҳуҷуми ҷавобии ҷиҳодиҳо ба шаҳраки Шули Сурия асир афтод. Ин нафар аз асири дигар Тсурканов Григорий Михайлович ном бурд, ки дар тӯли навори 30-сониягӣ хомӯш буд. Дар чеҳраи ҳарду осори латту кӯб мушоҳида мешуд.