Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон шуданд


Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё дар соли 2017
Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё дар соли 2017

Донишмандон Жак Дюбоше аз Швейтсария, Йоаким Франк аз Амрико ва Ричард Ҳендерсон аз Бритониё барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон шуданд.

Академияи салтанатии Шветсия рӯзи 4-уми октябр эълон кард, ки ин муҳаққиқонро барои “таҳким додани заррабини криоэлектронии нерӯяш баланд” ба ҷоизаи Нобел лоиқ донистааст.

Эътои ҷоизаҳои Нобел рӯзи 2-юми октябр шурӯъ шуд. Дар рӯзи аввал ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ва тиб ба олимони амрикоӣ Майкл Янг, Ҷефри Ҳолл ва Майкл Росбаш тақдим шуд.

Гуфта мешавад, ҷоиза барои кашфи механизми молекулаҳо, ки равандҳои биологӣ дар ҷисми инсонро назорат мекунанд, эҳто гардид. "Онҳо тавонистанд ба дохили соати биологии ҷисми инсон ворид шаванд ва кори онро шарҳ диҳанд,"- гуфтанд дар кумитаи Нобел.

Дирӯз се донишманди дигари амрикоӣ - Райнер Вайсс, Бэрри Бэрриш ва Кип Торн барандагони ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика эълон шуданд. Кумитаи Нобел онҳоро барои таҳқиқот дар бахши назорати мавҷҳои гравитатсионӣ ба ин ҷоиза сазовор донист.

Қарор аст, ки фардо барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт ва ҳафтаи оянда барандаи ҷоиза дар бахши иқтисод эълон шаванд.

XS
SM
MD
LG