Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи Испания мақомоти Каталонияро дар ҷудоисозӣ айбдор кард


Шоҳи Испания Фелипе VI
Шоҳи Испания Фелипе VI

Шоҳи Испания Фелипе VI мақомоти Каталонияро дар халалдор кардани принсипҳои демократӣ ва ҷудоисозӣ дар ҷомеъа айбдор кард. Дар як паёми телевизионӣ ӯ ба якпорчагии Испания таъкид кард ва изҳор намуд, ки созмондиҳандагони ҳамапурсӣ барои эътидол дар кишар халал эҷод карданд. Ҳамзамон Фелипе VI гуфт, ки нигаронии мардуми Каталония аз хушунати мақомоти Испания дар баробари раъйдиҳандагонро дарк мекунад.

Дирӯз нахуствазири Испания Мариано Рахой изҳор намуд, ки ҳамапурсӣ хилофи Қонуни асосии кишвар аст. Комиссиюни Аврупо низ ҳамапурсиро ғайриқонунӣ хонд, вале хушунат алайҳи мардум аз сӯи кормандони полиси Испанияро маҳкум накард.

Ба иттилои ҳукумати маҳалии Каталония, дар ҳамапурсӣ барои истиқлол, ки рӯзи 1 октябр баргузор шуд, беш аз 40 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат карданд ва 90 дарсади онҳо хостори ҷудоӣ аз Испания шудаанд.

Мақомҳои маҳаллии Каталония мегӯяд, ки беш аз ҳазор нафар дар пайи даргирӣ ва хушунатҳои рӯзи якшанбе ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати умури дохилии Испания аз захмӣ шудани 33 нафар аз кормандони полис хабар дод.

Рӯзи 3-юми октябр дар Каталония без аз 700 ҳазор нафар ба нишони эътироз алайҳи хушунат аз сӯи полиси Испания дар рӯзи ҳамапурсӣ коршиканӣ карданд. Дар минтақа нақлиёти ҷамъиятӣ кор намекунад. Эътирозгарон аз Иттиҳодияи Аврупо даъват карданд, ки дар ҳалли бӯҳрон миёнҷигарӣ кунад.

XS
SM
MD
LG