Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф боз раиси ҳизби хукмрони Покистон интихоб шуд


Навоз Шариф
Навоз Шариф

Нахуствазири пешини Покистон Навоз Шариф рӯзи 3-юми октябр дубора раиси ҳизби ҳокими кишвар интихоб шуд. Ӯ дар мақоми раиси Лигаи мусалмонҳои Покистон баъд аз он пазируфта шуд, ки як рӯз пеш порлумони кишвар ба мансабдорони аз мақоми давлатӣ ихроҷшуда иҷозаи дарёфти мақоми ҳизбиро дод.

Навоз Шариф аз сӯи додгоҳи Покистон дар фасод айбдор мешавад. Рӯзи якшанбе додгоҳ эълони ҳукми ӯро бинобар ба додгоҳ ҳозир нашудани фарзандонаш, ки низ дар фасодкорӣ муттаҳам мешаванд, то рӯзи 9 октябр мавқуф гузошт.

Ёдовар мешавем, Навоз Шариф рӯзи 26-уми сентябр бори аввал баъди истеъфояш аз мақоми нахуствазирӣ дар додгоҳи зидди фасод ҳозир шуд. Сарвазири пешин ва се фарзанди ӯ дар фасодкорӣ дар солҳои 90-уми қарни гузашта муттаҳам мешаванд. Рақибони сиёсии Навоз Шариф ӯ ва хонаводаашро дар шустушӯи пул ва аз ҳисоби сармояи давлат харидории амвол дар Лондон айбдор мекунанд. Аммо пайвандони Навоз Шариф мегӯянд, ки амволро дар Лондон солҳои 80-ум баъд аз сармоягузорӣ дар Қатар харидаанд.

Ҷонибдорони Навоз Шариф мутмаинанд, ки нахуствазири пешин аз сӯи фармондеҳони баландпояи низомии Покистон таъқиб мешавад.

Навоз Шариф, ки охири моҳи июл бо қарори Додгоҳи олии Покистон аз масъулияташ маҳрум шуд, чандин бор ҳукми додгоҳро ба боди танқид кашид. Ӯ мегӯяд, ки ин ҳукми Додгоҳи олӣ ба маънои арҷ нагузоштан ба раъйи мардуми Покистон аст.

XS
SM
MD
LG