Пайвандҳои дастрасӣ

Гутерриш хостори аз роҳи демократӣ ҳал кардани қазияи Каталония шуд


Антониу Гутерриш

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз мақомоти Испания хост, ки масоили марбут ба Каталонияро аз роҳҳои демократӣ ҳал кунанд. Ӯ ҳамчунин аз Мадрид даъват кард, ки ҳама ҳодисаҳои хушунат дар рӯзи ҳамапурсӣ оид ба истиқлолият дар Каталонияро ҷиддӣ ва бетарафона таҳқиқ намояд. Дар ин бора сомонаи расмии СММ рӯзи 3 октябр хабар дод.

Қаблан Иттиҳодияи Аврупо ҳам аз ҳукумати Испания даъват карда буд, ки аз роҳи гуфтушунид ба бӯҳрон дар кишвар хотима диҳад.

Ба иттилои ҳукумати маҳалии Каталония, дар ҳамапурсӣ барои истиқлол, ки рӯзи 1 октябр баргузор шуд, беш аз 40 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат карданд ва 90 дарсади онҳо хостори ҷудоӣ аз Испания шудаанд.

Нахуствазири Испания Мариано Рахой изҳор намуд, ки ҳамапурсӣ хилофи Қонуни асосии кишвар аст. Комиссиюни Аврупо низ ҳамапурсиро ғайриқонунӣ хонд ва аммо хушунат алайҳи мардум аз сӯи кормандони полиси Испанияро маҳкум накард.

Мақомҳои маҳаллии Каталония мегӯяд, ки беш аз ҳазор нафар дар пайи даргирӣ ва хушунатҳои рӯзи якшанбе ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати умури дохилии Испания аз захмӣ шудани 33 нафар аз кормандони полис хабар дод.

Рӯзи 3-юми октябр дар Каталония коршиканӣ ба нишони эътироз алайҳи хушунат аз сӯи полис эълон шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG