Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов Русияро омили эътидоли минтақа номид


Мулоқоти Путин бо Бердимуҳаммадов. 2 октябри соли 2017
Мулоқоти Путин бо Бердимуҳаммадов. 2 октябри соли 2017

Раисони ҷумҳури Русия ва Туркманистон бо имзои созишномаи "шарокати стратегӣ" ҳамкории ду кишварро ба намоиш гузоштанд. Владимир Путин, рӯзи 2 октябр бо нахустин сафари расмӣ дар паҷ соли ахир, вориди Туркманистон шуд.

Путин аз коҳиши табодули молу коло дар байни ду кишвар шикоят кард ва изҳори умед намуд, ки аз ин тамоюл пешгирӣ мешавад.

Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон гуфт, ки кишвараш манфиатҳои Русия дар Осиёи Марказиро эҳтиром ва эътироф мекунад ва ҳамкорӣ бо Русияро омили эътидол дар минтақа мешуморад.

Равобити байни Русия ва Туркманистон, ду кишвари тавлидкунандаи гази табии, дар заминаи масоили баҳсбарангез, аз ҷумла таъмини газ печида ба назар мерасад.

Туркманистон, ки худро як кишвари бетарафи Осиёи Марказӣ эълон кардааст, ба фарқ аз ҳамсояҳои дигараш, ба ягон созмони сиёсӣ ва низомиву иқтисодии таҳти назари Русия, шомил нест.

Путин бори охир бо Бердимуҳаммадов моҳи ноябри соли 2016 дар Сочӣ дидору гуфтугӯ дошт. Бори охир раҳбари Русия соли 2012 ба Туркманистон сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG