Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх ба бемористони Саричашма бо $22 ҳазор таҷҳизот харид


Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба бемористон ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба маблағи 22 ҳазор доллар, таҷҳизотҳои замонавӣ тақдим кардааст. Мадисмон Саидов, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин душанбеи 2-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар надоштани таҷҳизоти муосир, сокинони Саричашма маҷбур буданд беморонашонро ба дигар минтақаҳо бибаранд. Мадисмон Саидов афзуд, ки онҳо тавонистон бо 22 ҳазор долллар кӯмаки Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, соҳиби таҷҳизот шаванд ва табибон ҳоло метавонанд амалиётҳои ҷарроҳиро дар ин бемористон анҷом диҳанд.

"Пеш аз ин ягон шароит набуд, ҳатто мизи ҷарроҳӣ надоштем, аммо бо дастгирии ҳукумати кишвар ва созмони Салиби Сурх ин бемористони як ҷамоати бузург, соҳиби таҷҳизотҳои муосир шуд. Хуллас ба маблағи 22 ҳазор доллар тамоми таҷҳизоти муосир тақдим шуд, ки дигар сокинон бе мамоният метавонанд беморонашонро дар инҷо табобат кунанд",--гуфт мусоҳиби мо.

Сокинони ҷамоати Саричашма то ин вақт беморонашонро ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ мебурданд, то онҳоро дар таҷҳизоти муосир ва пешрафта муоина намоянд. Тақдими таҷҳизотҳои муосир ба маблағи 22 ҳазор доллар ба бемористони ҷамоати Сарчашм дар ҳолест, ки масъулини бемористони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегӯянд, сафорати Ҷопон дар ҷамоати Доғистони ҳамин ноҳия бо маблағи 700 ҳазор сомонӣ як марказӣ саломатӣ сохта ва ба истифода додааст.

XS
SM
MD
LG