Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо ҳукми Илмӣ Умаровро маҳкум кард


Илмӣ Умаров баъд аз эълони ҳукми додгоҳ

Иттиҳодияи Аврупо ҳукми додгоҳи шаҳри Симферопол дар баробари муовини раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим Илмӣ Умаровро маҳкум кард. Дар изҳороти Брюссел гуфта шудааст, ки ин хукм мутобиқ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ нест ва аз ин рӯ, бояд лағв карда шавад.

Иттиҳодияи Аврупо илҳоқи нимҷазираи Қрим аз сӯи Русияро эътироф намекунад ва ҳукми ин “додгоҳ”-ро, ки “намунаи таъқиби тоторҳои Қрим ва баёнгари бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар нимаҷазира аст”, низ қонунӣ намехонад, гуфта шудааст дар изҳорот.

Созмони Amnesty International ҳукми Илмй Умаровро «ҳамлаи нави мақомоти Русия ба ҳуқуқу озодиҳои мардум дар нимҷазираи илҳоқшудаи Қрим» номид. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин сеюмин ҳукми додгоҳ дар баробари мухолифони ҳамроҳшавии нимҷазираи Қрим дар як моҳи ахир аст.

Рӯзи 27 сентябр додгоҳи шаҳри Симферопол Илмӣ Умаровро дар ҷудоихоҳӣ айбдор ва ба ду соли маҳбас маҳкум кард. Бар пояи ҳукм, Илмӣ Умаров дар ИТК ё муассисаи ислоҳии корӣ нигаҳ дошта мешавад.

Илмӣ Умаров, муовини раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим, аз мунаққидон ва мухолифони сарсахти илҳоқи нимҷазира аз сӯи Русия буд. Ӯ ҳамчунин дар робита ба таъқиби тоторҳои Қрим аз тарафи Маскав садо баланд мекард.

Мақомоти Қрим моҳи августи соли 2016 Илмӣ Умаровро дар бемористони маризиҳои рӯҳӣ ҷой карданд. Созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Вотч ин амалро чун “нақзи гӯшношуниди ҳуқуқи Илмӣ Умаров” арзёбӣ намуд.

Умарови 59-сола дар суханронияш дар додгоҳ рӯзи 20 сентябр изҳор кард, ки иттиҳом алайҳи ӯ, дар асл, муҷозоти онҳоест, ки бар зидди илҳоқи Қрим аз сӯи Русия садо баланд кардаанд. “Ман илҳоқро забти нимҷазира аз сӯи Русия ва ҳукумати аз тарафи Маскав таъиншударо ҳукумати ишғолгар меномам”, изор намуд Илмӣ Умаров дар мурофиаи додгоҳӣ. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки худро фақат шаҳрванди Украина мешуморад.

Чанд рӯз пеш додгоҳе дар Қрим журналисти ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Микола Семенаро ҳам дар ҷудоиандозӣ гунаҳкор ва ба мӯҳлати 2,5 соли шартӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Ин парвандаро ҳам дар Ғарб ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ интиқод карданд.

Маҷлиси тоторҳои Қрим дар Русия созмони ифротгаро эълон ва фаъолияташ дар кишвар мамнӯъ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG