Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Аврупои Шарқӣ беш аз ҳар ҷойи дигар шароб менӯшанд


Марди сигорӣ
Марди сигорӣ

Аврупои Шарқӣ дар нӯшидани шароб, сигоркашӣ ва фарбеҳӣ яке аз носолимтарин гӯшаҳои дунё будааст.

Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Созмони ҷаҳонии бемориҳои шуш ва муассисаҳои дигар, ки рӯзи 22-юми сентябр нашр шуд, ҳамаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба даҳгонаи кишварҳои носолими ҷаҳон шомил шуданд.

Аз ҳама бештар вазъ дар ҷумҳурии Чех вахим арзёбӣ мешавад, ки аз рӯи истифодаи алкоҳол дар ҷойи аввал ва аз рӯи истифодаи тамоку дар ҷойи 11-ум қарор дорад. Ҷойи дувумро Русия ва ба дунболи он Словения, Белорус, Словакия ва Маҷористон гирифтаанд.

Аз рӯи ин ду нишондоди гузориши "Солимтарин кишварҳои ҷаҳон" беҳтарин кишвар Афғонистон будааст.

Бемории қалб, саратон ва диабет сабаби марги барвақтӣ дар кишварҳои дунё номбар мешавад.

XS
SM
MD
LG