Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман баргузор мекунад


Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабри имсол анҷумани ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор хоҳад кард. Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократ, рӯзи 26-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳафтаҳои наздик нишасти шӯрои ҳизб баргузор мешавад, ки ин таърихро тасдиқ хоҳад кард."

Ба қавли Усмонзода, интихоби раҳбари ҳизб аз масъалаҳои калидии анҷуман хоҳад буд, зеро раҳбарияти феълӣ панҷ сол боз дар ин мақом фаъолият дорад. Ӯ кори панҷ соли ахирро давраи эҳёи ҳизб, муттаҳид кардани тамоми аъзои он зери як бом ва аз парокандагӣ раҳо бахшидан ва ҳамзамон ба ҳизби порлумонӣ табдил додани он унвон кард.

Тибқи иттилои раҳбари ҳизб, дар муддати панҷ соли ахир теъдоди ҳизб аз ҳудуди 2 ҳазор ба тақрибан 20 ҳазор расида, шумори созмонҳои ҳизбӣ дар навоҳӣ ва шаҳру вилоятҳо ба 56 расидааст. Саидҷаъфар Усмонзода дар посух ба ин суол, ки оё қасди номзад шудан барои як давраи дигари панҷсола дар раҳбарии ҳизбро дорад, гуфт, “дар анҷумани навбатӣ номзадиамро мегузорам. Зеро нияту мақсадҳое, ки дар пеш гузошта будам, то ба охир бояд иҷро кунам. Ҳоло ҳизб ба дастовардҳое ноил шудааст, аммо ҳадафҳо то ба охир амалӣ нашудаанд”.

Ҳизби демократи Тоҷикистон дар 27 соли пеш таъсис шудааст ва дар ин муддат аз як ҳизби мухолиф ё оппозитсиюн ба ҳизби ба гуфтаи масъулони он "созанда", табдил ёфтаааст. Ҳизб дар порлумон як намоянда дорад, ки он худи Саидҷаъфар Усмонзода мебошад.

XS
SM
MD
LG