Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллим: Шикасти пурраи террористон дар Сурия наздик аст


Валид Муаллим
Валид Муаллим

Вазири умури хориҷии Сурия – гуфт, ки пирӯзии низомӣ дар ҷанги шашсолаи дохилии ин кишвар дар ҳоли ҳозир дар дасти нирӯҳои раиси ҷумҳур Башор Асад аст.

Валид Муаллим рӯзи 23-юми сентябр дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт, “озодии шаҳрҳои Ҳалабу Палмира, шикасти муҳосираи шаҳри Дайр-аз-Зур ва нокомии террористон дар аксар минтақаҳои Сурия нишон медиҳанд, ки пирӯзӣ наздик шудааст.”

Кишварҳои ғарбӣ ва баъзе созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи башар нирӯҳои ҳукумати Башор Асадро муттаҳам мекунанд, ки ба ғайринизомиҳо ҳамла бурда ва дар набардҳо аз силоҳи кимиёӣ истифода кардааст. Аммо Валид Муаллим дар ин суханрониаш чунин иттиҳомро рад кард.

Дар ҷанги шашсолаи Сурия наздик ба 350 ҳазор нафар кушта ва то 5 миллиони дигар овора шудаанд.

XS
SM
MD
LG