Пайвандҳои дастрасӣ

Қосимӣ: Муносибати Эрону Тоҷикистон қурбонии сармояҳои нирӯи севум шуд


Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, гуфтааст, ки муносибати хубу дӯстонаи Тоҷикистону Эрон таҳти таъсири нирӯҳои севум халалдор шуд. Қосимӣ рӯзи 23-юми сентябр дар сӯҳбат бо нашрияи “Эътимод”, чопи Теҳрон, гуфт, Тоҷикистон зери таъсири ҳамин “аносир” дучори “сӯитафоҳумҳои бедалел” нисбат ба Эрон гардид.

Масъалаи амвол ва фаъолиятҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон низ байни мо ва бархе маҳофили иқтисодии ин кишвар дар ҷараён ва дар ҳоли баррасӣ аст

Ӯ афзуд, “онҳо бар асоси ҳамин сӯитафоҳумҳо сиёсати худ дар қиболи Эронро тағйир дода, сиёсатҳои наверо танзим карданд. Бархӯрди Тоҷикстон бо масоили Эрон бархӯрди ғайридӯстона, ғайривоқеъбинона ва нодуруст буд.” Қаблан Тоҷикистон бо айни ҳамин иттиҳом алайҳи Эрон изҳорот дода буд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар идомаи сӯҳбаташ бо нашрияи “Эътимод” нирӯҳои севумро айбдор кардааст, ки бо сармоягузории зиёд ба Тоҷикистон нагузоштанд, муносибати Душанбеву Теҳрон хуб шавад. Аммо Қосимӣ гуфтааст, дар ҳар сурат Теҳрон барои тармими равобит омодааст.

Бихонед: Эрон ва Саудӣ – Тоҷикистон дар моварои ду рақиб

“Нигоҳи Эрон ба Тоҷикистон мусбат ва созанда аст ва омодаи ҳаргуна талош ва кумак дар ростои пайдо кардани роҳе барои ҳалли сӯитафоҳумҳо миёни ду кишвар аст”, - афзудааст ӯ.

Бобак Занҷонӣ дар додгоҳ
Бобак Занҷонӣ дар додгоҳ

Дар посух ба суоли “Эътимод”, ки оё баҳси сармояҳои миллиардери боздоштшудаи эронӣ Бобаки Занҷонӣ метавонад мояи тира шудани равобити Тоҷикистону Эрон бошад, оқои Қосимӣ посухи рад додааст. Ӯ гуфтааст, баъид медонад, ки сарчашмаи тирагӣ аз қазияи Бобаки Занҷонӣ об бихӯрад.

Ӯ бо ин ҳол гуфтааст, масъалаи бозгардони баъзе амволу дороиҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли баррасист. Баҳром Қосимӣ гуфтааст, “баррасиҳое дар ин замина анҷом шуд, аммо ҳама масоил дар як чорчӯби дақиқ ва шаффоф қарор надорад. Масъалаи амвол ва фаъолиятҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон низ байни мо ва бархе маҳофили иқтисодии ин кишвар дар ҷараён ва дар ҳоли баррасӣ аст.”

Мақоми тоҷик: "Эрон дар бораи пулҳои Занҷонӣ санаде дорад, пешниҳод кунад"

Вале ба қавли ӯ, қазияи бозгардони амволи Занҷонӣ дар Тоҷикистон, бино ба шунидаи онҳо, баъзе афродро дар кишвар нигарон кардааст. “Чаро ки баъзе аз ин сармоя ва дороиҳо назди онҳо будааст ва онҳо ҳам ин воҳимаро доранд, ки ё маҷбур ба истирдоди амвол ба Эрон хоҳанд шуд ё бояд дар ин замина посухгӯ башанд”, - хулоса кардааст ӯ.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.

Равобити Тоҷикистону Эрон дар оғози солҳои навадум шурӯъ шуда, замони авҷаш ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод рост меояд. Дар замони ҳукумати ӯ Эрон дар Тоҷикистон нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда 2"-ро сохта, барои роҳандозии телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон иқдом карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG