Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина мурофиаи Саакашивилӣ идома ёфт


20 сентябр

Додгоҳе дар Украина рӯзи 22 сентябр муҳокимаи Михаил Саакашвилиро идома дод, ки барои убури ғайриқонунии марзи ин кишвар айбдор мешавад. Собиқ президенти Гурҷистон ва раиси вилояти Одесса рӯзи 22 сентябр дар додгоҳи шаҳри ғарбии Лвов ширкат надошт. Саакашвилӣ аз шиноснома ва шаҳрвандии Украина маҳрум шудааст. Ӯ барои ҳодисаи убури марзи Полшаву Украина дар рӯзи 10 сентябр гунаҳгор мешавад. Рӯзи 12 сентябр полис ба Саакашвилӣ ҳушдори хаттиро дар бораи шурӯи таҳқиқи ҳодисаи убури ғайриқонунии марз таслим кард. Баъди ин Саакашвилӣ дар саросари Украина дар ҳалқаи тарафдоронаш сафарҳо анҷом дод.

Додситони кулли Украина гуфт, ки Саакашвилӣ на ҳабс ва на ба Гурҷистон истирдод мешавад. Саакашвилӣ, ки дар Гурҷистон солҳои 2004 то 2013 президент будааст, дар ин кишвар бо ҷурми фасод мавриди бозҷӯӣ қарор дорад. Саакашвилӣ, ки обрӯи як раҳбари муборизи зидди фасодро касб кардааст, бо айни чунин ҷурм соли 2015 аз шаҳрвандии Гурҷистон маҳрум шуд. Вай он сол шаҳрвандии Украинаро пазируфт ва бо дархости президент Петро Порошенко раҳбарии вилояти Одессаро ба ӯҳда гирифт. Ноябри соли 2016 бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт ва гуфт, ки бархе аъзои ҳукумати Порошенко талошҳои ӯро барои решакан кардани фасод масдуд мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG