Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия эътилофи таҳти назари ИМА-ро бо оташи ҷавобӣ ҳушдор дод


Нерӯҳои Демократии Сурия
Нерӯҳои Демократии Сурия

Русия ҳушдор дод, ки ҳамагуна ҳамлаи нерӯҳои таҳти ҳимояи ИМА, ба мавқеи нерӯҳои ҳукумати Сурия, ба зарбаи ҷавобӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Сухангӯи Вазорти дифои Русия Игор Конашенков ин изҳоротро рӯзи 21 сентябр дар ҳоле пахш кард, ки панҷ рӯз пеш эътилофи таҳти сарварии Амрико гуфт, ки ҳавопаймоҳои Русия Нерӯҳои Демократии Сурияро дар вилояти шарқии Дайр Аз-Зур мавриди ҳамла қарор доданд ва чанд нафари онҳоро захмӣ карданд.

Изҳороти Игор Конашенков ҳамчунин дар пасманзари нигарониҳое пахш шуд, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия, бо пуштибонии Русия, бо нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико, ки ДИИШ-ро саркуб мекунанд, дар ҳоли мухолифат қарор гирифтаанд.

Конашенков гуфт, ки нерӯҳои ҳукумати Сурия, якҷо бо нерӯҳои вежаи Русия, ду дафъа дар наздикии Дайр Аз-Зур ҳадафи ҳамлаи сангини тӯпхонаҳо қарор гирифтанд, ки аз мавқеи Нерӯҳои Демократии Сурия оташ кушоданд.

"Намояндаи фармондеҳии низомии ИМА дар Қатар бо шеваи ҷиддӣ огаҳӣ гирифт, ки ҳамагуна талоши ҳамла аз мавқеи Нерӯҳои Демократии Сурия ба оташи ҷавобӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд ва нуқтаҳои оташ бо истифодаи силоҳҳои мавҷуд аз байн бурда хоҳад шуд," - гуфт сухангӯи Вазорати дифои Русия.

Аҳмад Абу Ҳавла, фармондеҳи Нерӯҳои Демократии Сурия, ки ҷангро дар минтақаи Дайр Аз-Зур пеш мебарад, иддаои Русияро рад кард ва гуфт, ки Маскав дар пайи монеъагузорӣ ба пешрафти нерӯҳои таҳти сарпарастии ИМА мегардад.

XS
SM
MD
LG