Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 21-уми сентябр хабар дод, ки як сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони дуздии 2,5 миллион рубли русӣ, боздошт шудааст.

Ба иттилои маркази матбуотии ВКД, як сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат, ки исмаш эълон нашудааст, 20-уми сентябр дар ноҳияи Айнӣ ба автомашинаи мусофиркаши тамғаи “Опел-Зефира”, ки ба марди 46-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа тааллуқ доштааст, савор шуда, бо роҳи пинҳонӣ 2 501 000 (ду миллиону панҷсаду як ҳазор) рублро дуздидааст.

Манбаъ мегӯяд, ба дунбол ин мард ба мошини “Долун”, як сокинин 40-солаи сокини ноҳияи Айнӣ савор шуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, маъмурони пулис маблағи рабудашударо ошкор ва дуздро ҳабс карданд. Дар ҳоли ҳозир дар нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG