Пайвандҳои дастрасӣ

Тиллерсон буҳрони Роҳинҷаро бо Аун Сан Су Ҷӣ баррасӣ кард


Паноҳандагони Роҳинҷа дар Бангладеш. 17 сентябри соли 2017

Котиби давлатии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Рекс Тиллерсон рӯзи 19 сентябр аз раҳбари Мянмар Аун Сан Су Ҷӣ даъват кард, ки ҳукуматашро ба таҳқиқи иттиҳомҳоти бисёр нигаронкунандаи нақзи ҳуқуқи инсон ва хушунатҳо даъват кунад. Дар ин бора Департаменти давлатии Амрико хабар дод.

Котиби давлатӣ аз тааҳуди ҳукумати Бирма барои хатми хушунат дар аёлати Роҳин ва баргардонидани паноҳандагон ба хонаҳояшон истиқбол кард,"- гуфт сухангӯи Вазорати хориҷии Амрико Ҳизер Нойерт.

Бирма, ё Мянмар ва раҳбари мулкии он, дорандаи ҷоизаи Нобел Аун Сан Су Ҷӣ, бинобар зӯроварии артиш ба мусалмонҳои Роҳинҷа, махсусан дар аёлати буддоинишин Роҳин, ба танқиди рӯ ба афзоиши ҷомеаи ҷавонӣ гирифтор аст.

Беш аз 400 000 мусалмони Роҳинҷа дар пайи зуроварии низомиён ба кишвари ҳамсояи Бангладеш фирор карданд. Ҳукумати Мянмар иттиҳоми ҳамлаи ҳадафмандона ба мусалмонҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ки танҳо шӯришгаронро саркуб кард.

Су Ҷӣ рӯзи гузашта ҳангоми суханронӣ дар порлумони Бирма хушунатҳои ахири аёлати Раҳинро маҳкум кард. Аз замони сар задани зуровариҳо дар таърихи 25 август, бори аввал буд, ки раҳбари кишвар масъалаи хушунатҳоро матраҳ кард.

Созмони Афви Байналмилалӣ дар вокуниш ба суханронии Аун Сан Су Ҷӣ гуфт, ки бо чашм пӯшидан ба зуроварии артиш алайҳи Роҳинҷа, Су Ҷӣ " сари худро дар зери рег пинҳон кард".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG