Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Пулис даҳҳо тазоҳургарро дар Сент-Луис боздошт кард


Ходимони пулис дар назди пойгоҳи маводи сухт, ки тазоҳургарон рӯзи гузашта ба оташ кашиданд
Ходимони пулис дар назди пойгоҳи маводи сухт, ки тазоҳургарон рӯзи гузашта ба оташ кашиданд

Дар шаҳри Сент-Луиси Амрико пулиси таъиноти вежа алайҳи даҳҳо тазоҳургар аз гази ашковар кор гирифт. Пулис ҳамчунин даҳҳо эътирозгарро, ки аз қарори додгоҳ дар заминаи "сафед" кардани ходими пулис норозӣ буданд, боздошт кард. Ходими пулис дар марги марди сиёҳпӯст муттаҳам мешуд. Намоиши эътирозӣ рӯзи 17 сентяр ба таври осоишта оғоз шуд, аммо баъди пароканда шудани эътирозгарон баъзеҳо дар майдон монданд ва тирезаҳоро шикастанд.

Эътироз ба думболи эълони қарори додгоҳ оғоз шуд, ки рӯзи 15 сентябр корманди собиқи пулис Ҷейсон Стоклиро дар марги Энтони Ламар Смит, соли 2011, гунаҳкор надонист.. Стокли ба сӯи Смит, ки баъди ошкор шудани нашъафурӯшияш бо суръати баланд аз ҷойи ҳодиса фирор кард, панҷ маротиба тир кушод.

Эътирозҳои ахир се сол баъди мавҷи задухурдҳои соли 2014 дар Фергюсон, воқеъ дар канораҳи Сент-Луис баргузор шуд. Домани эътирозҳо он замон ба манотиқ дигари Амрико кашида шуд. Эътирозҳо ба думболи эълони қарор додгоҳ сар шуданд, ки пулиси муттаҳам дар куштори Майкл Брауни 18-соларо бегуноҳ баровард.

XS
SM
MD
LG