Пайвандҳои дастрасӣ

Афви Байналмилалӣ аз "поккории қавмӣ" дар Мянмар гуфт


Паноҳандаи Роҳинҷа аз хушунатҳо ба Бангладеш фирор кард

Созмони Афви Байналмилалӣ шаҳодати барномаи танзимшудаи нерӯҳои амниятии Бирма ва маъмурони артиш, дар заминаи оташ задани деҳаҳои мусалмонони Роҳинҷаро ҷамъоварӣ кард ва ин маъракаро "поккории қавмӣ" номид.

Тирана Ҳассан, раҳбари бахши вокуниш ба бӯҳрон дар созмони Афви Байналмилалӣ гуфт, "далелҳо ғайри қобили инкоранд".

Ба гуфтаи ӯ, "нерӯҳои амниятӣ деҳаҳоро ба оташ кашиданд, то мусалмонҳои Роҳинҷаро аз кишвар берун кунанд". Ҳассан афзуд, "иштибоҳ намекунем, агар бигӯем, ки ин поккории қавмӣ аст".

Созмони Афви Байналмилалӣ мегӯяд, далелҳоро аз иттилоот дар бораи оташсӯзии фаъол, аксҳои моҳвораӣ, аксу видео аз макони ҳодиса ва сӯҳбат бо даҳҳо шоҳид дар Бирма ва марз бо Бангладеш дарёфт кард

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки аз оғози хушунатҳо ва ҳамлаи Роҳинҷа ба постгоҳҳои пулис, охири моҳи гузашта, дастикам 400 ҳазор мусалмон аз Мянмар ба Бангладеш фирор кард.

Созмони Афви Байналмилалӣ ёфтаҳои худро рӯзи 15-уми сентябр пахш кард, ки баъзе аз шаҳодати вежаи ҳамлаҳои ҳадафмандона ба минтақаҳои зисти Роҳинҷаро дар бар гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG