Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FBI хабарнигори "Спутник"-ро дар Вашингтон бозпурсӣ кард


Former Sputnik journalist Andrew Feinberg
Former Sputnik journalist Andrew Feinberg

Идораи федеролии тафтишоти ИМА хабарнигори пешини оҷонсии "Спутник"-и Русияро, ки таҳаввулоти Кохи сафедро пӯшиш медод, дар заминаи фаъолияти кориаш дар ин хабаргузорӣ ва эҳтимолан дар чаҳорчӯби дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи соли 2016 бозпурсӣ кард.

Эндрю Фейнберг, ки моҳи май аз кор дар "Спутник" сабукдӯш шуд, рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ 1 сентябр бо вакили Вазорати адлияи Амрико ва корманди FBI беш аз 2 соат мулоқот дошт. Дар ҷараёни ин муллоқот ӯ ҳазорҳо емаилҳои дохилиро, ки дар тули панҷ моҳи кораш дар "Спутник" ҷамъ шуда буд, ба онҳо супурд.

Фейнберг сӯҳбатро довталабона арзёбӣ кард ва гуфт, суолҳо ба фаъолияти дохилии "Спутник" рабт доштанд.

Вазоратиадлияи ИМА аз шарҳи ин сӯҳбат худдорӣ кард ва ҳамчунин нагуфт, ки сӯҳбат ба бозҷӯии фаъолияти "Спутник" рабт дорад ё хайр.

XS
SM
MD
LG