Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Сурия як майдони нафтро аз ДИИШ гирифт


Артиши Сурия ва муттаҳидонаш як майдони нафтро дар наздикии шаҳри Дайр-аз-Зур аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” бозпас гирифтааст. Телевизиони давлатии Сурия рӯзи 9-уми сентябр дар ин бора хабар дод ва гуфт, майдони нафт дар ҷануби Дайр-аз-Зур воқеъ аст.

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, ки артиш, инчунин, як қисми роҳи асосии мошингард аз Аз-Зур то шаҳри Ал-Маодинро, ки дар поёни рӯдхонаи Фурот ҷойгир аст, бозпас гирифтааст. Ин ҳамон ҷоест, ки ҷангҷӯён ақибнишинӣ кардаанд.

Минтақаи саршор аз нафти Дайр-аз-Зур яке аз охирин майдонҳои ҷанг алайҳи ҷанҷгӯёни ДИИШ аст.

Ин ҳафта артиши Сурия ва муттаҳидони онҳо худро ба Дайр-аз-Зур расонданд, ки тақрибан се сол боз дар муҳосираи гурӯҳи “Давлати исломӣ” буд.

Пешрафтҳои ахир фишор бар гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” гуфта мешавад, ки ҳанӯз ниме аз шаҳр ва минтақаи Дайр-аз-Зурро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG