Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон бо беш аз 7 тонна оши палав шомили Гиннес шуд


Бузургтарин деги оши палав дар Узбакистон рӯзи 8-уми сентябр ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид шуд. Мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки вазни ош беш аз ҳафт тоннаро ташкил дода, панҷоҳ таббох дар тӯли шаш соат омода карданд.

Расонаҳои дохили Узбакистон ҳам гуфтанд, ки ҷараёни омода шудани оши рекордиро намояндагони созмони Guinness World Records мушоҳида карда ва сипас ба ошпазон шаҳодатномаи китоби Рекордҳои Гиннесро додаанд.

Дар оши рекордӣ тақрибан 2 тонна гӯшт, наздики 700 кило равған, тақрибан ду тонна биринҷ, 2 тоннаву 700 кило сабзӣ, 220 кило пиёз ва 700 кило нахӯд, зира, мӯрчи сиёҳ ва зирк истифода шудааст.

XS
SM
MD
LG