Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии зидди фасод мардумро ба ҳамкорӣ даъват кард. ВИДЕО


Бинои оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Хатлон
Бинои оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Хатлон

Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сокинони кишварро ба ҳамкорӣ даъват кардааст.

Дар сомонаи ин ниҳод рақами телефон ва почтаи электроние нашр шуд, ки сокинони кишвар метавонанд ба воситаи онҳо аз фасодкорӣ, сатҳу сифати баррасии арзу шикоятҳои худ дар вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ ба оҷонсӣ хабар диҳанд.

Пинҳон нигаҳ доштани ному насаби муроҷиаткунандаҳо кафолат дода мешавад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соли 2016 рӯйхати ниҳодҳои фасодзадатаринро нашр кард, ки дар он Вазорати тандурустӣ бо беш аз 100 ҳолат дар мақоми аввал, Вазорати маориф бо 90 ҳолат дар мақоми дувум ва нозирони роҳ бо 24 ҳолат дар мақоми севум қарор доштанд.

Даъват ба ҳамкории Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз сокинон дар ҳолест, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ибтидои соли равон дар ҷаласаи ҳукумат дастур дод, то фаъолияти ин ниҳод дар самти ошкор кардани фасодкорон пурзӯр карда шавад.

Натиҷаи ин навовариро оҷонсӣ охирҳои соли равон эълом хоҳад кард.

Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ даъват кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

XS
SM
MD
LG