Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба боғи ҷонварони Душанбе аз Қазоқистон "понӣ" оварданд


Акс аз бойгонӣ аст
Акс аз бойгонӣ аст

Боғи ҳайвоноти Қазоқистон ба Тоҷикистон ду аспи навъи понӣ ва чанд намуд морро тақдим кардааст. Ин ҷонварон бар ивази ду каргаси сиёҳ ва ду уқоби сафедсар аз боғи ҳайвоноти Душанбе ба Қазоқистон бурда шудаанд.

Саидхоҷа Сафаров, муовини раиси Боғи ҷонварон рӯзи 7-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, табдили ин ҷонварон, ки як моҳ пеш сурат гирифтааст, анвои ҷонваронро дар ин боғ зиёд кард.

Сафаров гуфт, ки аспи понӣ камхурок, вале серҳаракату боқувват буда ва ин ҷонварон дар кишварҳои дигар ҳамчун боркаш низ истифода мешаванд. Қади понӣ аз 70 то 150 см аст.

“Додугирифт ва табодули ҳайвонот миёни чунин ниҳодҳои кишварҳои гуногун як роҳи маъмулии густариши захираҳои онҳо ба шумор меравад”, - гуфт Сафаров.

Боғи ҳайвоноти Душанбе соли 1961 дар аҳди шӯравӣ сохта шудааст. Азбаски боғ дар маркази пойтахт воқеъ шудааст, соли гузашта ҳукумат гуфт, ки дар канори шаҳри Душанбе барои бунёди он замин ҷудо шудааст ва дар сурати пайдо шудани маблағ бунёди боғи муосир дар масоҳати 25 гектар шурӯъ мешавад.

Айни замон дар “Боғи ҳайвонот” 800 ҷонвар нигаҳдорӣ мешавад, аз ҷумла шеру бабру маймун, хирс ва навъҳои мухталифи паррандагони нодир.

Соли 2015 аз як Боғи вуҳуши Ҷумҳурии Чех бар ивази 2 хирси тоҷикӣ ба Душанбе кенгуру оварда шуд.

XS
SM
MD
LG