Куштори як рӯзноманигори зан дар Ҳиндустон мавҷи эътирозҳо ва иттииҳомотеро ба бор овард, ки Гаури Ланкеш ба хотири интиқоди ҳукумати ростгарои нахуствазир Нарендра Моди муҷозот шуд. Ланкеш бо нашри мақолаҳои танқидӣ алайҳи мақомоти кишвар ва раҳбарони миллатгарои ҳинду шӯырат дошт.
Ланкеши 55 сола, сардабири маҷаллаи Lankesh -Patrike, бегоҳи 5 сентябр дар шаҳри ҷанубии Бангалор аз ҷониби афроди дучархасаҳор дар ҳоле ҳадафи тир қарор гирифт, ки ба хонааш ворид мешуд.
Рӯзи 6 сентябр ҳазорҳо нафар дар шаҳри Бангалор барои маросими видоъ бо ин хонуми рӯзноманигор ҷамъ шуданд.
Форуми нависандагони Ҳиндустон куштори Ланкешро идомаи занҷираи ҳамлаҳое номид, ки солҳои ахир нависандагон, ҳунармандон ва олимонеро ҳадаф қарор додаанд, ки аз ҳукумати Моди интиқод мекунанд.
Маҷаллаи Lankesh -Patrike, дар шароите, ки баъди ба қудрат расидани Нарендра Моди тундравони миллатгарои ҳинду нерӯ гирифтаанд, аз сохти дунявии давлат пуштибонӣ мекард.