Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми боздошти Содиқ Ортиқов дар Русия 3 моҳи дигар дароз шуд


Содиқ Ортиқов

Додгоҳе дар шаҳри Маскав ҳукми боздошти Содиқ Ортиқов (Кимсанбек Қодиров), яке аз гумонбарон дар таркиши метрои Санкт-Петербургро бори севум ва то 6-уми декабри имсол дароз кард. Ин қарор рӯзи 5-уми сентябр содир шудааст. Дар се моҳи оянда мақомоти тафтишот бояд далели кофӣ дар бораи иртиботи Содиқ Ортиқов бо Акбарҷон Ҷалилов, омили таркиши метрои Санкт-Петербургро пайдо кунанд.

Содиқ Ортиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамроҳ бо шаҳрвандони Қирғизистон Акрам ва Акбар Азимовҳо баҳори имсол ба иттиҳоми иртибот бо Акбарҷон Ҷалилов боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ки қабл аз ҳодиса Ортиқ Содиқов ба Акбарҷон Ҷалилов тамоси телефонӣ доштааст.

Динмуҳаммад Қодиров, бародари Содиқ Ортиқов, рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарон Азимовҳо дар мурофиаи охирини додгоҳӣ барои тамдиди мӯҳлати боздошт гуфтаанд, онҳо телефони Содиқовро истифода кардаанд ва ӯ аз ҳодисаи таркиш ҳеҷ хабар надошт.

"Ҳамсари бародарам рӯзи гузашта дар мурофиа иштирок кард. Бародарон Азимовҳо шоҳидӣ додаанд, ки онҳо панҷ дафъа аз телефони бародарам ба Акбарҷон Ҷалилов занг задаанд. Онҳо гуфтаанд, ки Содиқов намедонист, ба кӣ ва барои чӣ занг мезананд. Додгоҳ парвандаи ду бародарро барои баррасӣ қабул карда, мӯҳлати ҳабси бародари маро тамдид намудааст", - гуфт ӯ.

Ба қавли Динмуҳаммад, то 6-уми декабр мақомот бояд далел барои айбдор кардани Содиқ Ортиқов пайдо кунанд, дар сурати ғайр ӯ бояд озод шавад.

Содиқ Ортиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар бомбгузории метрои шаҳри Санкт-Петербург моҳи апрел боздошт шудааст, ду сол пеш, баъди ихроҷ шудан аз Русия номи воқеиаш – Кимсанбек Қодировро иваз кардааст.

Содиқов дар як манзил бо бародарон Акбар ва Акрам Азимовҳо, шаҳрвандони Қирғизистон, ки бо айни иттиҳом дар боздошт нигаҳдорӣ мешаванд, зиндагӣ мекардааст.

Рӯзи 3-юми апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург таркиш ба амал омад, ки онро мақомот "як ҳамлаи террористӣ" номиданд. Дар он ҳодиса 16 нафар кушта ва наздик ба 50 нафар захмӣ шуд. Мақомоти Русия масъулияти анҷоми таркишро ба дӯши Акбарҷон Ҷалилов, зодаи Қирғизистон вогузор карда ва гуфтанд, ки ин ҷавони бомбгузор дар ҷои ҳодиса кушта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG