Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин интизор мешавад ва мебинад, ки вазъ чигуна тавсеа меёбад


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш метавонад аз ҳақи коҳиши теъдоди ҳайъати дипломатии ИМА дар Маскав истифода кунад. Путин, ки рӯзи 5 сентябр дар поёни нишасти BRICS дар шаҳри Сямэни Чин бо хабарнигорон сӯҳбат мекард гуфт, ки Маскав пеш аз гирифтани ягон тасмими муҳим дар робита ба диплломатҳои Амрико дар Русия интизор хоҳад буд, ки вазъ чигуна тавсеа меёбад.

Путин бо танқиди ба гуфтаи ӯ амалкарди "хиҷолатомез ва бенамуна"-и Амрико дар робита ба муассисаҳои дипломатии Русия дар ИМА, гуфт ба Вазорати хориҷӣ дастур медиҳад, ки дар заминаи нақзи ҳуқуқи моликияти Русия мақомоти Амрикоро ба додгоҳ бикашад.

Вокуниши ИМА ба изҳороти Путин маълум нест. Аммо мақомоти Амрико мегӯянд, ки онҳо дар робита ба дастури холӣ кардани консулгарии Русия дар Сан-Франсиско ва замимаи тиҷоратӣ дар Вашингтон то 2 сентябр, аз ягон амали хилофи дипломатия ва ё нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ тартибот истифода накарданд.

Ба думболи таҳримҳои нави Конгресси Амрико алайҳи Русия, дар заминаи ишғоли Қрим ва таҷовуз ба Украина, Маскав теъдоди дипломатҳои Амрикоро дар қаламраваш коҳиш дод.

XS
SM
MD
LG