Дар маркази шаҳри Маскав, пойтахти Русия садҳо нафар алайҳи таъқиби қабилаи Роҳинҷаи Мянмар даст ба тазоҳурот зада, хостори расидагӣ ба мушкили пайравони дини Ислом дар ин кишвар шуданд.
Иштирокдорони тазоҳуроти бидуни иҷозат шиор мепартофтанд, ки "Худованд бузург аст" (Аллоҳу акбар). Дар маҳалли ҳодиса -- назди сафорати Мянмар -- кормандони пулис низ ҳузур доштанд, вале ба рафти тазоҳурот дахолат накарданд.
Дар Мянмар, ки асосан буддоиҳо ба сар мебаранд, мусулмонони қабилаи Роҳинҷа пайваста зери таъқиби мақомот қарор доранд. Тайи рӯзҳои ахир беш аз 75 ҳазор намояндаи ин қабила маҷбур шуданд, ки Мянмарро тарк кунанд. Дар натиҷаи задухӯрди ҳафтаи ахир миёни буддоиҳо ва мусулмонони Мянмар беш аз 400 нафар кушта шуд.