Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Русия дар Маҷмаи СММ иштирок нахоҳад кард


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок нахоҳад кард. Интизор меравад, ки ин иҷлос рӯзи 12-уми сентябри имсол дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шавад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, ба хабаргузории давлатии ТАСС гуфтааст, ки иштирок дар ин маҷмаъ дар барномаи кори Владимир Путин нест.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар ин иҷлоси Созмони Милали Муттаҳид иштирок хоҳад кард. Қарор аст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, нахустин баёнияи худро дар СММ дар ин нишаст ироа бикунад.

Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид 193 узв дорад.

Гузоришҳои видеоӣ

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷиҳодиён аз урдугоҳи Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG