Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои муқовимат бо таблиғот $60 миллион ҷудо мекунад


Рекс Тиллерсон
Рекс Тиллерсон

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон тахсиси 60 миллион доллар ба Маркази ҳамкориҳои ҷаҳонииро бо ҳадафи муқовимат бо таблиғоти берунӣ тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи "Politico" рӯзи 31 август бо такя ба манбаъҳои Департаменти давлатӣ хабар дод. Ин маблағҳо барои мубориза бо таблиғоти гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ва ҳамчунин муқовимат ба нуфузи Русия харҷ хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи "Politico", феълан Департаменти давлатӣ 20 миллион доллари ин маблағро дар ихтиёр дорад. 40 миллион доллари боқимонда аз бунёди Вазорати дифоъ дастрас мешавад. Қонунгузорони ИМА қаблан талаб карданд, ки барои ин ҳадафҳо 80 миллион доллар ҷудо шавад. Манбаи "Politico" шарҳ надодааст, ки чаро Тиллерсон маблағи бештар дархост накард.

Маркази ҳамкориҳои ҷаҳонӣ зербахши Департаменти давлатии ИМА аст. Ин идора баҳори соли 2016 бо ибтикори ду сентор - ҷумҳурихоҳ Роб Портман ва демократ Крис Мерфӣ таъсис ёфт. Дар оғоз ҳадафи аслӣ муқовимат ба таблиғоти ДИИШ буд. Аммо баъдан марказ ба таблиғоти матбуотӣ низ машғул шуд, ки давлатҳои хориҷӣ сармоягузорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG