Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев аз муҷозоти "бенизомӣ" дар интихобот шадидан ҳушдор дод


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Дар пасманзари ташаннуҷи марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳури Қирғизистон, президент Алмосбек Отамбоев қавл дод, ҳар нафареро, ки дар ин маърака "бенизомӣ" эҷод мекунад, шадидан муҷозот хоҳад кард. Шаҳрвандони Қирғизистон рӯзи 15 октябр ҷойгузини президент Отамбоевро интихоб мекунанд.

Алмосбек Отамбоев рӯзи 30 август ба интиқоди мухолифонаш посух дод, ки мегӯянд, президент бо истифода аз мақом номзадии нахуствазири пешин Сооронбой Ҷеенбековро тарғиб мекунад.

Отамбоев гуфт, онҳое мегӯянд, ки президент абзори қудратро барои пуштибонӣ аз номзади дилхоҳаш истифода мекунад "суботро такон медиҳанд, то номзади пешниҳодии Отамбоев пирӯз нашавад."

Мухолифони Отамбоев мегӯянд, ӯ ба думболи як роҳест, ки баъди рафтанаш аз қудрат низ нуфӯзашро ҳифз кунад.

Моҳи декабри соли 2016 бо ибтикори Отамбоев ва аз тариқи реферундум ба Қонуни асосии Қирғизистон дигаргунӣ ворид шуд ва салоҳияти нахуствазирро таҳким бахшид.

Мухолифони Отамбоев аз ин нигаронанд, ки дигаргуниҳо роҳи ба таври тӯлонӣ дар қудрат боқӣ монадани Отамбое ва тарафдоронашро осон мекунад.

Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар он аз соли 1991 беш аз ду раиси ҷумҳур фаъолият кардаанд.

XS
SM
MD
LG