Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар "Ҳафтаи ҷаҳонии об" дар Стокҳолм


Рӯзи 28-уми август дар шаҳри Стокҳолм "Ҳафтаи ҷаҳонии об" оғоз ёфт. Бо даъвати Пажӯҳшгоҳи байналмилии оби Стокҳол дар ин ҳамоиш вакили порлумони Тоҷикистон Рустам Латифзода ва муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимзода ширкат доранд. байналмилалии

Дар чаҳорчӯбаи Ҳафтаи ҷаҳонии об намоишгоҳи Тоҷикистон бо номи "Об барои рушди устувор" доир мешавад ва дар он роҷеъ ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обӣ, мавод ва маълумот пешниҳод хоҳад шуд.

Бар пояи маълумоти сайти Пажӯҳишгоҳи байналмилалии оби Стокҳолм, дар ин ҳамоиш сарони ҷаҳон, коршиносони масоили обӣ, мутахассисон ва сиёсатмадорон масоили истифодаи оқилонаи обро баррасӣ хоҳанд кард.

"Ҳафтаи ҷаҳонии об" яке аз ҳамоишҳои бузурги солона дар сатҳи ҷаҳон мебошад Дар ин ҳамоиш беш аз 3000 нафар аз 130 кишвари дунё ҷамъ омада, натиҷаҳои пажӯҳишҳои нави обь ва мубориза бо чолишҳо дар ин самтро, баррасӣ мекунанд. Дар "Ҳафтаи ҷаҳонии об" имсол 46 дарсади ширкаткунандагонро занон ва 54 дарсади боқимондаро мардон ташкил медиҳанд.

Видеоҳои охирин

"Ситораи Кремл" то куҷо дурахшид
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:05:19 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG