Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев гуфт, умедвор аст, "дӯст"-и вай президент мешавад


Президенти амалкунандаи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев яке аз номзадҳоро ба мақоми президентӣ "дуст" номида ва изҳори умедворӣ кард, ки вай роҳбари нави давлат интихоб мешавад. "Умедворам, ки дӯсти содиқи ман президент мешавад", - гуфт Отамбоев дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Узгени вилояти Ӯш. Вай афзуд, марди ҷавоне сарвазир интихоб шудааст, ки дар тарбияаш худи вай саҳм дошт. "Ман бовар дорам, онҳо роҳи оғозкардаи маро идома медиҳанд", - афзуд Отамбоев. Охири моҳи июн Алмосбек Отамбоев гуфт, номзади қобили қабул Сооронбой Ҷеенбеков аст. Дар посух ба суоли рӯзноманигорон Отамбоев гуфт, ки сарвазари вақт Сооронбой Ҷеенбеков интихоби беҳтаре барои кишвар аст. Президент ӯро ҳамсафи наздики худ номид. Баъди сабти номи номзадҳо Отамбоев ҳукумати Ҷеенбековро беҳтарин ҳукумати даврони президентиаш номид. Интихоботи Қирғизистон рӯзи 15 октябр баргузор мешавад ва 59 нафар хостори сабти номзадиашон шудаанд.

XS
SM
MD
LG