Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни таркиш дар Кобул то 5 нафар расид


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, таркиши идораи бонке дар маркази шаҳри Кобул рӯзи 29 август бо марги дасти кам панҷ нафар ва ҷароҳати 8 нафар анҷомид. Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, ки таркиш дар даромадгоҳи “Кобул бонк” дар наздикиҳои сафорати ИМА рух дод. Як мақом дар вазорат гуфт, таркиш замоне рух дод, ки коргарони зиёд барои гирифтани пул дар остонаи Иди Қурбон пушти дари бонк дар навбат истода буданд. Масъулияти ин ҳамларо Толибон ба ӯҳда гирифтанд. Ин ҳодиса як ҳафта баъди муаррифии стратегияи нави президенти ИМА Доналд Трамп барои Афғонистон рух дод, ки бозгашти нирӯҳои амрикоӣ ба Афғонистонро дар назар мегирад.

XS
SM
MD
LG