Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба зарурати ҳамкорӣ бо Русия таъкид кард


7 июли соли 2017 мулоқоти нахустини Трампу Путин дар Ҳамбург баргузор шуд
7 июли соли 2017 мулоқоти нахустини Трампу Путин дар Ҳамбург баргузор шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп бори дигар мавқеи худро такрор кард ва гуфт, ки Вашингтон бояд дар паи эҷоди робитаҳои беҳтар бо Маскав бошад ва аз “хатарнок” қаламдод кардани амалҳои чанд соли охири Русия дар Аврупо худдорӣ кард. Дар як нишасти матбуотии муштаракаш бо президенти Финляндия Саулӣ Ниинисто, хабарнигорони финландӣ аз Трамп мавқеашро дар робита бо таниш бо Маскав пурсиданд ва ҳамчунин суол карданд, ки то куҷо рафтори Маскавро ҳамчун таҳдид арзёбӣ мекунад? Трамп гуфт, ки аз назари ӯ бисёр кишварҳо воқеан ҳам хатар доранд, вале “муқобила бо ин хатарҳо мушкил надорад”, гуфт ӯ. Назари ӯро инчунин дар бораи машқҳои низомии Русияву Чин дар обҳои Балтика ҳам пурсиданд ва ӯ гуфт, ки мавқеаш ин аст, ки минтақа бояд муҳофизат шавад. Вале айни замон ӯ таъкид кард:

“Умедворам, ки мо бо Русия дар ҳамкорӣ хоҳем буд. Ман инро возеҳу рӯшан ва бо садои баланд мегӯям. Мавқеи ман давоми чандин солҳо ҳамин аст. Хуб мешавад, агар бо Русия робитаҳои олӣ ваё ҳадди аққал ҳамкориҳои хуб дошта бошем. Ин хеле муҳим аст ва бовар дорам, ки рӯзе ҳамин хел ҳам мешавад. Ин як кишвари азим аст. Кишвари ҳастаӣ аст. Кишварест, ки мо бояд бо он ҳамоиш ёбем ва ниҳоят ҳам ҳамингуна хоҳад шуд”.


Дар сохторҳои тафтишотии ИМА робитаҳои президентро бо Русия мавриди санҷиш қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG