Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: неофашистҳо зодагони Осиёи Марказиро азият мекунанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид аз Русия даъват карданд, ки мубориза алаҳи зуҳуроти нажодпарастӣ ва бегонаситезиро бештар кунад. Пешниҳод шудааст, ки алайҳи сиёсатмадорони бегонаситез ҳарчӣ бештар ҷарима истифода шавад. Гурӯҳи коршиносони мустақили СММ рӯзи душанбе гузориши вежаи Кумитаи мубориза бо табъзи нажодиро муаррифӣ кард. Муаллифон рафтори мухлисони футбол дар остонаи Бозии қаҳрамонии ҷаҳон оиди футбол, соли 2018 дар Русияро махсус таъкид карданд.

Дар гузориш омадааст, ки зодагони Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ дар Русия мавриди ҳамлаи фашистҳои навбаромад ва гурӯҳҳое бо номи "казакҳо" қарор мегиранд. Пулиси Русия бисёр боздоштҳоро дар заминаи мансубияти нажодӣ анҷом медиҳад,- мегӯянд коршиносони Созмони Милали Муттаҳид.

Мақомоти Маскав қавл додаанд, ки гузориши ҳомиёни ҳуқуқи инсонро ҷиддан меомӯзанд. Ҳамзамон, манбаи хабаргузории "Интерфакс" дар Женева гуфтааст, ки натиҷагирии СММ Русияро ба ҳеҷ масъулияти сиёсӣ муваззаф намекунад.

XS
SM
MD
LG