Раҳбарии ширкати нақлиётии Uber - хадамоти таксӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳонро мудири кулли хадамоти сайёҳии Expedia, соҳибкори эронитабор Доро Хусравшоҳӣ бар дӯш мегирад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 27 август бо такя ба ду манбаъ гузориш дод.
Хусравшоҳӣ бояд маъруфияти Uber- ро барқарор кунад, ки дар пайи ташаннуҷи равобит байни сармоягузорон рӯ ба поён овард ва ҳамчунин хадамоти нақлиётиро баъди ҳафт соли коҳиш беҳтар кунад.
Бунёдгузори Uber Трэвис Каланик охири моҳи июн бо фишори саҳҳомони умдаи ширкат аз мақомаш истеъфо дод.
Моҳи феврал баъди мавҷ интиқодҳо Каланик гуфт, ки аз гурӯҳи машваратии назди президент Доналд Трамп хориҷ мешавад. Муносибати муштариҳо бо Uber дар ҳоле бад шуд, ки хадамот дар шабу рӯзи эътирозҳо алайҳи фармони раиси ҷумҳур дар бораи муҳоҷират, нархи таксиҳоро боло бурд.